Activities calendar

23 июли 2025

Ҳалокати як нафар ва ҷароҳат бардоштани 3 тан дар Истаравшан

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ҳангоми кандани хандақ зери хок мондаву яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои манбаъ ин афрод замоне зери хок монданд, ки саргарми кандани хандақ буданд ва баногаҳ хоки азим...

Селе, ки дар Лахш роҳро хароб кард ва ҳалокати як ноболиғ дар ҳавзи моҳипарварӣ

22 – уми июли соли 2025, соати 17:31 дақиқа дар километри 255-и шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар мавзеи деҳаи Дуағбаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш,  бар асари гармшавии ҳаво ва об  шудани барфи қуллаҳову пиряхҳо сатҳи оби дарёчаи Арчакапа боло рафта, сабаби омадани сел шуд. Дар натиҷа сел маҷрои дарёи Сурхобро ба муддати ду соат банд намуд. Баъд аз боз гардидани пеши роҳи дарёи Сурхоб,

Боз 1 нафарро наҷотдиҳандагони Хатлон аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён як ноболиғро, ки ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи назди манзили истиқоматӣ ғарқ шуда буд, наҷот дод.

Артиқова М.Ҳ., ноболиғ, таваллуд 14.01.2024, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Сомониён, ноҳияи Кӯшониён, ба об афтода ва ғарқ шуд. Бо кӯмаки наҷотдиҳандагон, ӯ аз об зинда ба берун

КҲФ:Суғд тадбирҳои пешгири аз ҳодисаҳои ғарқшавиро бозҳам пурзӯр намудааст

Мувофиқи маълумоти сардори Бахши кор бо ҷомеаи вилояти Суғд Шодиҷон Розиқов, тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилояти Суғд боз ҳам пурзӯр карда шудаанд.

"Ҳайати шахсии наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар тамоми мавзеъҳои хавфнок корҳои фаҳмондадиҳӣ