КҲФ:Суғд тадбирҳои пешгири аз ҳодисаҳои ғарқшавиро бозҳам пурзӯр намудааст

Мувофиқи маълумоти сардори Бахши кор бо ҷомеаи вилояти Суғд Шодиҷон Розиқов, тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилояти Суғд боз ҳам пурзӯр карда шудаанд.

"Ҳайати шахсии наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар тамоми мавзеъҳои хавфнок корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ин раванд ба пешгирии ғарқшавӣ такон медиҳад", — илова намуд подполковник Шодиҷон Розиқов.

Рейди навбатӣ санаи 22 июли соли 2025 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташкил карда шуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ масъулини шуъбаи муҳофизаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Бахши кор бо ҷомеаи вилояти Суғд иштирок доштанд.