Мураббиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба давраи нави омӯзишӣ ҷалб шуданд

5 декабри соли 2018 давраи омӯзишии дурӯзаи кор бо ҷасади инсон дар ҳолатҳои фавқулодда барои мураббиён аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ин омӯзиш бар асоси “Дастури ба даст овардан, ҳуҷҷат кардан ва интиқоли ҷасади ҳалокшудагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда” , ки кормандони КҲФ омода кардаанд ва таҷрибаҳои амалкунандаи байналмилалӣ дар ин самт роҳандозӣ мешавад.

Дарси омӯзиӣ аз ҷониби  ташхисгари судии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум  Эсма Аличехайич гузаронида мешавад.

Дарси омӯзиширо муовини Раиси КҲФ, полковник М.Салимзода ифтитоҳ кард ва ба Кумитаи Салиби Сурхи байналмилалӣ барои роҳандозии ин дарси хубу зарурии омӯзанда изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни омӯзиш диққати асосӣ ба фаъолиятҳое равона карда хоҳад шуд, ки муносибату бархӯрд бо ҷасади ҳалокшудагон бо назардошти  имкониятҳои ҳаммонандкунии онҳо, зарурат ба эҳтироми шарафи инсонӣ ва меъёрҳои урфу одатҳои маҳаллӣ равона шудаанд. 

Ин омӯзишҳо имкон хоҳанд дод ширкаткунандагон амалан бо усулҳои санҷидашудаву пазируфташудаи алоқаманд бо теъдоди зиёди қурбониён ошно шаванд.

барчасп: