Мулоқоти бонувони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд бо яке аз фаъолони ҲХДТ

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоти бонувони—хизматчиёни ҳарбӣ бо яке аз фаъолонаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилоят Хайринисо Темирова - омӯзгори Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дар мулоқот Хайринисо Темирова гуфт, ки Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста дар бораи нақши пешбарандаи занон дар ҷомеа таъкид кардаанд. Вай хеле муфассал дар бораи татбиқи самараноки “Стратегияи миллии фаъолградонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2020” сухан ронд. Бино ба гуфтаи Хайринисо Темирова Стратегияи мазкур дар баланд бардоштани мақоми зан ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеаи нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон вай дар бораи фаъолгардонии таблиғот барои баланд бардоштани ҳисси милливу ватандӯстӣ, эҳтироми фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва рад кардани фарҳанги бегона сухан ронд. 

Дар охири мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмон дар атрофи мавзуъҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифтанд.

Бояд зикр кард, ки Шӯрои занони Раёсати КҲФ ба таври ҳамешагӣ мулоқоту ҷаласаҳо бо фаъолони сиёсӣ, олимон, роҳбарони Раёсати Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ дар вилояти Суғд ташкил мекунад ва дар ин дидорҳо оид ба масоили мубрами рӯз, масъалаҳои вобаста ба оила ва никоҳ суҳбатҳо баргузор мешавад.

барчасп: