Ёриҳои башардўстона

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар сохтори худ ниҳоде дорад бо номи Шуъбаи ёрии башардӯстона.
Ин шуъба дар доираи салоҳияти худ, лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалиро дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Кумита ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
-назоратро аз рўи расонидани кўмакҳои башардўстона ба аҳолӣ аз офатҳои табиии зарадида ва захираҳои моддию техникӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷудошаванда, ҳамоҳангсозии истифодаи мақсаднок, тақсимот ва хароҷоти онҳоро ба роҳ мемонад;
-тибқи тартиби муқарраргардида, таъсис, тақсимот ва дастрас гардонидани кўмакҳои башардўстонаро ба аҳолии мамлакат ва ба аҳолии кишварҳои хориҷие, ки дар натиҷаи ҳолаҳои фавқулодда зарар дидаанд ташкил мекунад       
-шўъба дар доираи салоҳияти худ, тибқи тартиби муқарраргардида, вобаста ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кўмак ба аҳолӣ, ҳамкориҳои байналмилалиро ба амал мебарорад, инчунин таҳлил ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар ин самт анҷом медиҳад;
-фаъолияти наҷотдиҳандагоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати расонидани кўмак дар рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Кумита ҳамоҳанг менамояд;
-доир ба истифодаи мақсадноки кўмакҳои башардўстонаи ҷудогардида барои аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодии аз ҳолаҳои фавқулодда зарардида ба Раиси Кумита ҳисобот пешниҳод менамояд.
-ёрии ҳамдигариро дар асоси қарордодҳои ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини фаъолияти мутамарказӣ равобити хориҷии Кумитаро ба танзим медарорад;
-таҳлил, ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоотро дар соҳаи ҳамкориҳои мутақобилан муфид бо Вазорату идораҳо, ташкилотҳои илми-тадқиқотӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои баӣналмилалиро оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенидошта дар мавриди пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ба роҳ мемонад;
-дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои башардўстонаи баӣналмилалӣ оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маниторинг, пешгўӣ, эътино, ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва иншоотҳои муҳими иқтисодӣ, гузаронидани корҳои илми-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ пешниҳодҳо таҳия намуда, барои татбиқ ва амалӣ гардонидани онҳо мусоидат менамояд;
-дар ҳамагуна чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳамкориҳои қарордодӣ бо намояндагони ташкилотҳои хориҷии дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо сафорату консулгариҳо, ташкилотҳои башардўстона, шахсиятҳои алоҳидаи расмӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори Кумита иштирок менамояд;
-дар тайёр намудани кормандони Кумита ҷиҳати сафарбар намудан ба сафарҳои хизматӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба кишварҳои хориҷӣ бо раёсатҳои дахлдори Кумита ҳамкорӣ менамояд;
-тибқи тартиби муқарраргардида дар таҳияи лоиҳаҳо, санадҳои меъёрии байналмилалии марбут ба масъалаҳои Кумита иштирок менамояд.

барчасп: