Дар шаш моҳ 41 офати табиӣ ҷони 10 нафарро рабудааст

Зарфи шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 41 офати  табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора имрӯз Раиси  кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода иттилоъ дод.
Рустам Назарзода, ки то зуҳри имрӯз, 21-уми июл дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 бар асари ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ дар кишвар 28 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки  андозаи зарари моддӣ 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомниро ташкил дод.

муфассалтар аз ин ҷо