Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 28-уми июли соли 2016 гармии хушк дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат бештар аз 40 дараҷа хоҳад буд.
Дар ҳамин иртибот аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоста мешавад дар ин рӯзҳо тибқи тавсияҳои зерин амал кунанд:
- Дар вақтҳои гармии шадиди Офтоб аз соати 11 то 17 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Вале агар зарур бошад, ки ҳатман аз хона берун шаванд, пас либоси рангаш рушани кушод аз матоъи табиӣ, сарпӯши хеле сабук дошта бошанд ва ҳатман як шиша оби бегази минералӣ бо худ дошта бошанд. Дар кӯча бояд талош кард дар соя гардиш кунанд ва сари чанд вақт ба мағозаву дуконҳо ва ё биноҳое ворид шаванд, ки ҳавополо дошта бошанд.
- Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд.
- Истеъмоли нӯшокиҳои алкулӣ (спиртӣ), аз ҷумла пиво, ҳамчунин ҳар гуна нӯшокиҳои ширини газдор, ки тавони барҳам задани ташнагиро надоранд ва ҳатто равандҳои табдили ғизои баданро суст мекунанд, тавсия дода намешавад.
- Зарур аст, ки ғизои сабук хӯранд: меваҳо, сабзавот, моҳӣ ва мурғи обпаз, супҳои сард ва обдӯғ истеъмол кунанд. Хуб мешуд аз истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, тафдодашуда ва ширин парҳез намоянд.
- Дар авҷи гармӣ бояд ҳама гуна кори ҷисмониро қатъ кунанд ва фаъолнокии ҷисмониро ба ҳадди ниҳоӣ поён баранд.
- Дар утоқҳое, ки ҳавополо дорад, набояд ҳарорати хона аз 22-23 дараҷаи гармӣ боло бурда шавад.
- Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард. Бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.
- Ва ҳамзамон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор буд, қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо, ҳавзу обанборҳо бояд риоя кард.