Тамринҳо дар қисмҳои ҳарбии неруҳои марзбонӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 дар ду қисми ҳарбии Сарраёсати неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои интиқоли одамон ба маконҳои бехатар гузарониданд.

Дар ҷараёни омӯзишҳо ба сарбозон ва афс арони қисмҳои ҳарбӣ дар бораи низоми интиқол ва комиссияи интиқолӣ, ташкил намудан ва тартиби гузаронидани табдирҳои кӯчонидани одамон дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ  ва нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар ин кор маълумот доданд. Ғайр аз ин ба хизматчиёни ҳарбӣ техникаи наҷоте, ки Раёсат дар ихтиёр дорад, намоиш дода шуд.

Ҳамчунин қарор шуд, ки дар сурати бар асари боришоти шадид боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо дар қаламрави вилоят неруҳо ва воситаҳои қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати интиқоли одамон ба маконҳои амн ва коҳиши хатари офатҳо ҷалб карда шаванд.

 

барчасп: