Анҷоми семинари дурӯзаи вокуниш ба офатҳои табиӣ

Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатар аз офатҳо, к ибо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, баъд аз зуҳри имрӯз, 13-уми октябр ба анҷом расид.
Семинари мазкур оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ дар кишвар буд. 
Ширкаткунандагони семинар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, узви Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбиҳои сареъ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ), кормандони Салиби Сурх ва Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар ва дигар созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон буданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинари дурӯза татбиқи амалии таҷрибаҳои муосир, иқдомҳои муассир ва ҳамоҳангӣ  ҳангоми офатҳои калонмиқёс буд. Ширкаткунандагон сатҳи омодагиҳо ва ҳамоҳангсозиҳои вокуниши муассисаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба офатҳои табиӣ, ҳамчунин баланд бардоштани омодагиҳо ба вокуниш ба офатҳои табииро санҷиданд. Семинарро мутахассисони КҲФ, ҳамчунин кормандони Дафтари намояндагии Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Украина гузарониданд.

барчасп: