Короновируси чинӣ: Марги духтуре, ки ин вирусро кашф карда буд

Духтуре, ки бори аввал аз пайдо шудани вируси ношинос дар шаҳри Ҳубей хабар дода буд, худ аз ин беморӣ фавтид. Субҳи рӯзи 7 феврали соли равон мақомоти чинӣ аз марги 636 нафар ва сирояти 31 ҳазору 161 нафар хабар доданд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар Чин 73 нафар ҷон доданд, ки аксари онҳо бошандагони вилояти Ҳубей мебошанд. Мақомот хабар доданд, ки то кунун 1153 нафар сироятёфтагонро муолиҷа кардаанд. Хурдсолтарин сироятшудаи вирус навзодест, ки рӯзи 1 феврал аз модари мубтало ин беморӣ ба дунё омад.

Субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Чин иттило доданд, ки Ли Вэнлианя-духтуре, ки бори аввал вируси коронои чиниро кашф карда буд, дар шаҳри Вуҳон худ бар асари сироят ба ин беморӣ тарки олам кард. ВВС навиштааст, ки дар бораи марги духтур аввал хабарҳо интишор ёфтанд, вале баъдан онҳоро пок карданд. Ҳатто нашрияи обрӯманди давлатии "Женмин Жибао” хабари фавти Ли Вэнлианяро тайид карда буд. Нашрияи инглисизабони Global Times аввал дар бораи  марги ӯ хабар дод, вале баъдан ин хабарро бардошт ва навишт, ки доктор дар ҳоли хеле вазнин ҳанӯз бистарист.  Аммо тибқи тозатарин хабар доктор Ли Вэнлианя аз олам рафт. Ин хабарро ахиран  CNN ва нашрияи маҳаллии Global Times тайид карданд.

Табдирҳое, ки дар Чин меандешанд

Дар Чин низоми хеле шадиди мубориза бо вируси 2019-nCov ҷорӣ шудааст. Рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд, ки ҳатто ба гурӯҳҳо иҷозат надодаанд, ки дар тарабхонаҳои Пекин зодрӯз қайд кунанд ва ё ҷамъомади дигаре баргузор созанд. Дар баъзе шаҳрҳои вилояти Ҳубей, ки беморӣ аз он сар задааст, ҳокимон ҳатто дастур додаанд, ки лифти хонаҳои баландошёнаро хомӯш кунанд. Онҳо ба ин умеданд, ки одамон камтар ба кӯчаҳо мебароянд.

Ҳамоно дар бемористонҳои Вуҳон доруворӣ ва дигар воситаҳо барои табобат намерасанд. Ҳарчанд зарфи даҳ рӯз дар ин шаҳр як бемористони муваққатӣ иборат аз 1000 кат омода карданд, вале боз ҳам суръати густариши беморӣ коҳиш наёфтааст. Дар шабакаҳо иҷтимоӣ одамон менависанд, ки духтурон ҳоло хона ба хона мегарданд ва ҳарорати сокинонро месанҷанд.  

Дар хориҷ аз Чин

То 5 феврали соли равон дар хориҷ аз Чин 191 ҳодисаи сирояти одамон ба ин вирусро ба қайд гирифтаанд, ки як нафар фавтидааст.

Дар Британияи Кабир сеюмин нафари сироятшуда ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Аммо мақомот аз эълони ному насаб, ҷинс ва синну соли ӯ худдорӣ мекунанд. Духтурон гуфтаанд, ки бемори охирин берун аз қаламрави Чин дар як кишвари дигари осиёӣ сироят шудааст. Крис Уитти-сарвари хадамоти тиббии Британия гуфтааст, ки ҳоло духтурон ҷиддан пайи онанд, ки иртиботҳои ин сироятёфта бо одамони дигарро мушаххас кунад ва онҳоро ташхис намоянд.  

 Баъди Чин дар Ҷопон одамон бештар сироят шудаанд. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо ҳоло дар ин кишвар 33 нафар гирифтори короновирусанд, ки 13 нафари онҳо дар як рӯз ошкор гаштаанд. Дар Олмон 12 нафар, дар Фаронса 6, дар ИМА 11, дар Канада 5 нафар мубталоёни ин беморӣ дида шудаанд. 

Дар айни замон ду киштии тафреҳӣ дар соҳилҳои Ҷопон нигоҳ дошта шудаанд ва ба мусофирони онҳо иҷозаи хуруҷ намедиҳанд. Ҳамаи онҳо мавриди ташхис қарор гирифтаанд.  Дирӯз сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ хабар дод, ки як киштии дигар - The Westerham низ ҳоло ба соҳилҳои Ҷопон наздик мешавад, ки 20 мусофири он гирифтори ин вирус шудаанд.