Маълумотнома оид ба семинари омӯзишӣ

Аз 10 то 11-уми феврали соли равон дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ семинари омӯзишӣ бо дастгирии Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист баргузор гардид.

Дар семинар 13-нафар кормандони Раёсат, аксарияташон наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони Раёсат иштирок намуданд. Семинар дар мавзӯи GPS (Global Positioning System) –яъне кор кардан бо таҷҳизотҳои замонавӣ гузаронида шуд.

Семинари омӯзишӣ аз ҷониби  кормандони Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ Қурбонмамадов Диловар-Роҳбари бахши Системаи ахборотии ҷуғрофғӣ, Ошурбеков Некруз- корманди бахши Системаи ахборотии ҷуғрофӣ, Отамбеков Зоҳиршо ва Бобоев Садриддин-кормандони бахши радиоалоқа ва техникаи Агентии Оғохон дар ВМКБ гузаронида шуд. Иштирокчиёни семинар дар давоми семинар маълумоти пурраро оид ба  барномаи GPS (Global Positioning System) аз худ намуда, бо истифода аз таҷҳизотҳо,  дарси амалӣ гузаштанд.