Короновирус аз Италия ба дигар кишварҳои Аврупо мегузарад

Хабаргузориҳо аз густариши вируси короно ба Аврупо иттило доданд. Кашфи беморони гирифтор ба короно дар иддае аз кишварҳо боис шудааст, ки коршиносон Италияро сарчашмаи паҳн шудани ин вирус ба Аворупо донанд. Ахиран Австрия, Хорватия, Швейсария дар Аврупо ва Алҷазоир дар Африқо гуфтанд, ки шаҳрвандони сироятшуда аз Италия баргашта буданд. Ҳамчунин аз сирояти як марди бразилӣ ҳам гузориш дода мешавад, ки ӯ низ аз сафари Италия баргашта буд.

Италия ахиран аз сирояти бештар аз 300 нафар ва марги 11 нафар аз вируси короно хабар дод. Аммо бо вуҷуди он ки короно аз Италия ба Аврупо мегузарад, аксари кишварҳои аврупоӣ дар як нишасти изтирорӣ қавл додаанд, ки ҳоло ҳам марзҳои худ бо Италияро боз нигоҳ медоранд.

Британия донишҷӯёнеро, ки аз таътил дар Италия баргаштанд, ба хонаҳояшон ҷавоб додааст ва ҳамзамон дастурҳои наву мушаххаси эҳтиёт аз сирояти вирус ҳам нашр ва тақсим карда шудаанд.

Теъдоди мубталоёни короновирус дар Чин ба 80 ҳазор нафар раисдааст ва ҳудудан 2700 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ қариб ҳазор нафар гирифтори вируси Covid-19 шудаанд ва 10 нафар фавтидаанд.  

Марказҳои назорат ва пешгирии ИМА ҳушдор додаанд, ки вируси короно метавонд дар ин кишвар мушкилоти зиёд орад.