Илоҷи ҳар воқеъа қабл аз вуқуъ

Ин буд як сабаби санҷиши ҳолати омодабоши ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд. Роҳбарияти Раёсат сатҳи омодагии кормандон ва ҳайати шахсиро санҷид ва онро арзёбӣ кард. Барои рафъи камбудиҳо чораҳои иловагӣ дид.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2020, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 декабри соли 2019, тасдиқ гардидааст ва Фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 27 феврали соли 2020 ва бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он, рўзи 28 феврали соли 2020 дар Раёсат тамрини Ситодии мудофиаи гражданигузаронидашуд.

Соати 06:00 аз тарафи нуқтаи Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ бонги эълони«Ҷамъшавӣ» барои ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он эълон карда, ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар муҳлатҳои муайянгардида ба ҷои хизматҳозиршуданд.

Соати 07:30 аз тарафи роҳбари тамрин сафороӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқ кунанда ва борхалтаҳо аз назар гузаронида шуда, камбудиҳо ва норасогиҳои ошкоргардида сари вақт аз тарафи ҳайати шахсӣ бартараф карда шуд.

Соати 15:45 аз тарафи Сардори Раёсат ва роҳбари тамрин ҷамбаст ва натиҷаҳои он арзёбӣ гардид.

С. Исозода, Сардори Раёсат,

барчасп: