Дар садамаи заврақ дар Сир як нафар ҳалок шуд

Аз ду нафаре, ки савори як заврақи моторӣ мехостанд аз соҳиле ба соҳили дигар дарёи Сир убур кунанд, яке ғарқи дарё шуд ва то кунун ҷустуҷӯи ҷасади ӯ бенатиҷа будааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҳодиса нисфирӯзии 5-уми март рух додааст.

Дар хабар ом адааст, ки рӯзи 5-уми марти соли равон, соати 14:20 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи пойгоҳи обкашии дарёи Сир, шаҳрвандон Қузиев Абдухалил Ҷумабоевич соли таваллудаш 1981 ва Саидов Иномҷон Абдуғаниевич соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кўчаи Сири ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади убур аз соҳили чапи дарёи Сир ба тарафи рост бо  қайиқи моторӣ сафар карданд.

Дар миёни дарё баногоҳ шамоли сахт вазиш ва заврақ чаппа шуд. Шаҳрванд Саидов И. аз дохили дарё зинда берун шуд, вале ҳамсафари вай шояд аз он ки қоидаҳои оббозиро намедонист, дар об ғарқ гардид ва бедарак шуд.

Айни замон кофтуковӣ ғарқшуда аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсусӣ зудамали наҷоти Раёсати вилояти Суғд идома дошта, маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад.