Машғулият барои роҳбарони синфҳо дар Раёсати шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша-чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020», рўзҳои 3 – 4 марти соли равон дар Маркази таълимию методии Раёсат машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ бо гурўҳи роҳбарони синфҳои 6-уми Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанберо гузаронд. Дар рафти машғулиятҳо ба иштирокдорон моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фаҳмонда шуд. Инчунин, дар фарҷоми машғулият ба 22 нафар омўзгорони Муассисаҳои таълимӣ шаҳодатномаи хатми курсҳои мудофиаи гражданӣ супорида шуд.