Ширкати бонувони Раёсати Суғд дар барномаи телевизиони “7-Ситора”

Бо мақсади дар байни аҳолӣ паҳн намудани натиҷаҳои назаррасу касби пурмасъулияти бонувони хизматчии Раёсат, баланд бардоштани нуфузи Кумита дар байни мақомоти дигар, дар байни ҷомеа бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шинос намудани онҳо бо ҳаёти низомиён бахшида ба идҳои баҳорӣ дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои «7-Ситора» оид ба ҳаёт ва фаъолияти хизматчизанҳо бо иштироки афсарони Раёсат  майор Карамхудоева Адолат  ва лейтенант Бутаева Шаҳзодахон дар сабти барномаи «Биё бо ҳам мепазем» дар ширкат варзиданд.
Дар барнома ба чавондухтарону кадбонуҳо  таоми “Кабоби дегӣ” ва хуриши “Насими баҳорӣ” омода карда шуда, ба бинандагон пешкаш карда шуд. Инчунин дар рафти барнома баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон, ки дар остонаи интихоби касб қарор доранд, тавсияҳо дода шуд, инчунин дар рўҳияи Ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуда, шарту шароити хизматчизанҳо, фаъолияти кории онҳо, масъулияти зан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақому манзалати зан дар ҷомеа, нигоҳи халқ ба бонувони хизматчӣ, таваҷҷўҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбати занҳо фаҳмонида шуд.