Машғулиятҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Раёсати Суғд

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, амал хангоми сар задани холатҳои фавқулодда ҳамасола дар маркази таълими-методии Раёсат машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Гуфтанист, ки Маркази таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд муассисаи доимоамалкунандаи таълимии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба шумор меравад.

Машғулиятҳои ҷорӣ бо иштироки Раисони ҷамоатҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ташкил ва гузаронида  шуданд. Дар рафти машғулиятҳо Офатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди вилояти Суғд хавфи ба вуқўъ омаданд доранд, Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда, Вазифаҳои зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда, Ҳифзи тиббӣ-биологӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, Тартиби  таъсис додани нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, Фаъолияти комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, расонидани ёрии аввалини то тибби ба зарардида, худначотдихи ва начот додани атрофиён, Тартиби ба аҳолии зарардида расонидани кўмаки яквақтинаи моддӣ ва дигар мавзўъҳо омўзонида шуданд.

Ҳамзамон дар рафти машғулиятҳо аз тарафи муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ полковник Собирзода Ширинҷон Собир доир ба масъалаҳои мавсими боришот, ташкил ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона, тоза намудани селроҳаҳо аз партову сангу шағал, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, назорати ҳолати санитарию гигиёнии ҷамоату шаҳрак, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар масъалаи вируси короно супоришҳои мушаххас дода, қайд карда шуд, ки аз омодагиву амали маҳз ҳайати роҳбарикунанда ҳаёт ва саломатии насли ояндасози миллат зиёд вобастагӣ дорад.

Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба иштирокчиён маводҳои методӣ, дар шакли брошюраҳо ва буклетҳо, видеороликхо, слайдхо тақсим карда шуданд.

Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат, лейтенант.