Қоидаҳои пешгирӣ аз короновирус. Навори видеоӣ

пешгирии коронавирус

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз сироят ба вируси короно ин навори видеоиро пешкаш мекунад. Тамошои ин навор имкон медиҳад ҳар нафар барои хубтар аз худ намудани қоидаҳои пешгирии коронавирус ва риояи онҳо маълумоти пурра дошта бошад. Маводи видеоӣ аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ таҳияи шудааст.