Паёмадҳои сели рӯзи 21-уми март: корҳои бартарафсозӣ идома доранд

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои борони селосо дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ идома доранд. Бино ба гузоришҳои расида аз минтақаҳо бо талоши дастаҷамъии сокинон ва кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои маҳаллӣ манзилҳои зери обмондаи сокинон аз обу лойи сели азим тоза мешаванд. Онҳое, ки муваққатан ба маконҳои амн интиқол дода шуда буданд, ба макони зисти худ бармегарданд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода натиҷаҳои аввали таҳлилу ташхиси худро ироа кард.

Бино ба иттилои ҳамкорамон дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов  дар натиҷаи бориши шадиди борон дар рӯзи 21-уми марти соли равон ва сели азим дар деҳаҳои Меҳробод, Зафаробод ва Қумриободи ҷамоати деҳоти Гулистон заминҳои наздиҳавлигии 15 нафар аз сокино ва баъзе манзилҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Сино, Вализода, Сомонӣ, Садриддин Айнӣ  ва Султони Кабири   ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ба 12 манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон об даромадааст.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов, деҳаи Сари-Парой ба 7 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон сел зарар расонидааст.

Сокинони манзилҳои зарардида фаврӣ ба макони амн кӯчонида шуданд.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоб бо роҳбарии сардори шуъбаи минтақавӣ ва наҷотдиҳандагон дар ҳайати 6 нафар, 1 адад техникаи махсуси садамавӣ - наҷот ва 2 адад насоси обкашӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд.

Инчунин қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва корхонаи коммуналию манзилии ноҳияи Восеъ бо 2 адад автомашинаи махсус ва 2 адад насоси обкашӣ ба ҷои ҳодиса расиданд ва 12 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз обҳои ҷамъшуда тоза карда шуда, дар ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои поксозӣ идома доранд. 

Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дар ҷои ҳодиса фаъолият дошта, маълумотҳои иловагӣ дар бораи мизони зарарҳои расидаро ҷамъоварӣ мекунад.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон хабар дод, ки бориши шадиди рӯзи 21-уми март ва селе, ки соати 20:30 дақиқа омад, дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба 103 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони шаҳрвандон обу лойқа овард ва зара расонд. Чуноне дирӯз ҳам хабар дода будем, дар ин сели азим шаҳрванд Раҳмонқулов Мирзоқули 59-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ҷони худро аз даст дод.

Ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 30 нафар ва 5 адад техникаи махсуси садамавӣ-наҷот (2 адад ГАЗЕЛ, 1 адад НИВА, 1 адад ПИКАП ва 1 адад автомашинаи FOTON) ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 8 манзили истиқоматии шаҳрвандонро аз обу лойқа тоза намуда, 4 мошинро аз дохили лойқа бароварданд. Инчунин, 760 нафар шаҳрвандон сари вақт ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд.

Дар корҳои бартарафсозӣ қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии муовини Раиси Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Зоирзода Умед фаъолият намуданд.

Ҳамчунин Комиссияи ҳолатҳои фавқулода гузориш дода, ки бар асари боронҳои зиёд ва омадани сел рӯзи 21-уми март дар деҳаи Ҳаёти Нав, ҷамоати деҳоти Лоҳур ба 4 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон обу лойқа ворид шуда, зарар расонидааст.

19 нафар бошандагони манзилҳои зарардида сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо ёрдами мардуми маҳал обу лойқа аз дохили хонаҳо тоза карда шуд. 

Аксҳо аз ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибадҳои сел ва вазъи минтақа баъди борони шадиди рӯзи 21-уми март.

барчасп: