Вилояти Хатлон. Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои сели харобкор. Талошҳо идома доранд

Панҷумин рӯзи сели харобкор дар ноҳияҳои Хуросон, восеъ ва Рӯдакӣ. Корҳои рафъи паёмадҳои сел идома  доранд. Ба назар мерасад кулли ниҳодҳои зиратб ба ҳолатҳои фавқулодда ва сокинон даст ба дасти ҳам мениҳанд ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани харобкориҳои сел талош мекунанд. Ва дирӯз дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Раиси комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода У.Зоҳирзода ҷаласаи Комиссияи вилоятии пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва технигенӣ низ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аъзоёни комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдор ба пешгирӣ ва бартарафзозии ҳолатҳои фавқулода дар вилоят ширкат карданд. 

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Восеъ мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирифт. Ҳисоботи тадбирҳои андешидашуда барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот дар ин ду ноҳияи зарардида ироа гардид. 

Дар поёни ҷаласа ба хадамоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои баррасишуда дастуру супоришҳо ва тавсия дода шуд. 

Рузи 24 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон ҷамоати деҳоти С.Айнӣ деҳаи Ҳалқаҷар чунин корҳо ба анҷом расонида шуд:

  • бо кумаку дастгирии кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия хонаҳо ва заминҳои наздиҳавлигии 14 сокини деҳаи Ҳалқаҷар аз обу лойқа тоза карда шуд;
  • 80%-и гирду атроф ва дохили синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бо талоши намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия аз обу лойқа пок гардид. Барои пурра тоза кардани он корҳо идома доранд;
  • 120 метр заҳбуру заҳкашҳои дохили деҳа бо воситаи эксковаторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон тоза карда шуд;
  • Маркази давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Хатлон дар ин рӯз дар 30 хонаи зарардида аз сел корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ кард, барои аз ҳар гуна паразитҳо ва бактерияҳои касаловар, ки маъмулам сел бо лою лойқа меорад, дору пошиданд;
  • мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ноҳияи Хуросон 4 000 (чор хазор) литр сузишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.
  • рӯзи 24-уми март дар ноҳияи Восеъ афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Шуъбаи Раёсати Кумита дар минтақаи Кулоб 3 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, ки бар асари боронҳои шадид пур аз об шуда буданд, бо насосҳои обкашӣ тоза карданд.