Аввалин суолҳои расида унвонии генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Рустам Назарзода! Ду савол доштам ба Шумо. Дар ҳолати рӯй додани офатҳои табиӣ ҷиҳати наҷот додани зарардидагон, иншооти гражданию иқтисодӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд? Оё метавонед зарари расидаи солҳои охир бар асари офатҳои табиӣ ва корҳои барқароркуниро шарҳ диҳед?
Бунафша Назарова, сокини шаҳри Душанбе.
- Хисороти расида дар зарфи чанд соли охир бузург аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2016 бар асари селу ярч 10 нафар ҷони худро аз даст доданд. Соле қабл дар шаш моҳ 28 нафар ҳалок гашта буданд. Андозаи зарари моддӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.
Солҳои 1997 — 2015 дар ҷумҳурӣ ҷамъ 3326 офати табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари онҳо 1111 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мавриди зикр аст, ки баъд аз офатҳои табиии май-августи соли 2015 дар ВМКБ рухдода аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 108 хонаи истиқоматӣ, ноҳияҳои Рашт — 44, Тоҷикобод — 10 ва Қубодиён 20 хонаи истиқоматӣ сохта, бо лавозимоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонда, ба зарардидагон супорида шудааст. Ҳамчунин, 16 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Данғара барои зарардидагони ноҳияи Дарвоз сохта шуд.
Айни замон корҳои барқароркунии хонаҳои вайроншуда, ки бар асари заминҷунбии 7 декабри соли 2015 дар ВМКБ, селҳои моҳҳои май-июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Ашт ва шаҳри Панҷакент рух додаанд, идома доранд.
Дар водии Зарафшон дастаи зудамали наҷот таъсис мешавад
Муҳтарам генерал, дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сомонаи Шумо хеле маълумот гирифтем, таърихашро хам то ҷое хондем. Аммо мехостам дар бораи неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании кумита донам. Ин неруҳо дар куҷо мустақаранд ва саргарми чӣ корҳое ҳастанд?
Инъомиддин Шодиев, ноҳияи Қубодиён
Ташаккур Инъомиддини азиз, барои ҳусни таваҷҷуҳатон. Бояд гӯям, ки неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва иншоот дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ташкил шудааст.
Сохторҳои касбии садамавию наҷот, аз ҷумла Раёсати маркази наҷотдиҳӣ, дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014» аз ҳисоби маблағхои мутамарказонидашудаи Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 32 техникаи садамавию наҷотдиҳӣ ва махсус харидорӣ шудааст.
Ҳоло мақсад дорем, ки дар водии Зарафшон низ як дастаи зудамали наҷот таъсис диҳем ва онро бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намоем. Мо корҳои ташкилии онро аллакай шурӯъ кардаем. Ҳамчунин, дастаҳои Сарраёсати таъсирнокии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ барои мубориза бо жолазанӣ ва қисмҳои ҳарбии наҷоти кӯҳӣ дар иншооти зеризаминӣ фаъолият менамоянд.