Сардиҳои баъдисолинавӣ: Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи гузориши созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз 2-ум то 4-уми январи соли 2017 дар сар то сари мамлакат ҳаво сард мешавад, борони табдилёбанда ба барф меборад. Аз ин рӯ интизор меравад, ки дар роҳҳои куҳӣ яхбандиҳои шадид ҳам рух диҳанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. Ин имкон медиҳад, ки аз ҳолатҳои ногувору нохӯш пешгирӣ кунанд.
Ҳангоми гарм кардани хонаҳо хоҳишмандем қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоед, шабакаи интиқоли барқро бо фурӯзон кардани таҷҳизотҳои зиёди барқӣ гаронбор накунед. Бо истифода аз ҳар имкон гармии муътадилро дар хонаҳои худ нигоҳ доред. 
Дар роҳҳо хеле ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед. Ронандагонро лозим меояд, ки қоидаҳои ҳаракат ва суръати ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.