Рустам Назарзода бо Сафири Фаронса роҳандозии тарҳҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ кард

12 – уми январи соли 2016 дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин шудааст, баргузор шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хонум Гуедарро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи сафирӣ дар кишвари мо муборакбод кард ва барояш комёбиҳо хост.

Баъдан, Рустам Назарзода бо зикри сатҳи баланди иртиботҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт сухан ронд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд, ҳамчунин имкониятҳои оғози тарҳҳои муштарак барои воҳидҳои наҷоти КҲФ, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, масъалаҳои беҳбуд бахшидани имкониятҳои моддиву техникии КҲФ-ро низ муҳокима карданд.

Дар навбати худ Сафири Фаронса бо изҳори миннатдорӣ аз чунин як пазироии гарм иброз дошт, ки дар замони фаъолияти дипломатии худ дар кишвари мо ҳама талошҳояшро барои рушди бештари иртиботҳои сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Фаронса бо сохторҳои ҳамсони Тоҷикистон, аз ҷумла бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.

Вай аз ҷумла гуфт: “Иртиботҳо миёни Фаронса ва Тоҷикистон дар ҳоли рушду тавсеъа аст ва ҳамкориҳои минбаъдаи мо дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирии офатҳои табиӣ ба халқҳои мо дар оянда низ хизмат хоҳанд кард”.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори умед карданд.