Activities calendar

13 январи 2017

Мулоқот бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон

13-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон – ФОКУС бо сарварии Директори иҷроияи он ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолии кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои

Ҷаласаи байниидоравии гуруҳи корӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

12-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ҷаласаи навбатии гуруҳи коршиносон оид ба таҳияи “Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2017-2030” баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори

Рустам Назарзода бо Сафири Фаронса роҳандозии тарҳҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ кард

12 – уми январи соли 2016 дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин шудааст, баргузор шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хонум Гуедарро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи сафирӣ дар кишвари мо муборакбод кард ва барояш комёбиҳо хост.