Activities calendar

12 январи 2017

Садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристонро ҳудудан 5 соат мутаваққиф кард

Дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод. Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе  ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.  
Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд. Ронандагон дар дохили мошинҳои худ дармонданд