Нишасти матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда доир шуд

Имрӯз нишасти солонаи матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба саволҳои хабарнигорони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён посух дод.
Варақаи матбуотии нишаст дар зер меояд.

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

дар бораи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда сиёсати давлатиро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ татбиқ мекунад.
Аз 1-уми марти соли 2012 ба сифати мақомоти машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо Қарори Ҳукумати ҶТ  Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъсис гардид, ки раиси он Сарвазири ҶТ мебошад.  Соли 2016 Кумита ду ҷаласаи Платформаи миллиро ташкил ва баргузор кард, ки дар он қатори аъзои мақомоти машваратӣ намояндагони сафоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО ширкат карданд, ҳамчунин бо мақсади ташкил намудан ва роҳандозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ду ҷаласаи  Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон дод, ки соли 2016 дар қаламрави кишвар 55 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла:

Намудҳои офатҳои табиӣ

Вилоят

Минтақа

Шаҳр

Ҳамагӣ

фоиз

ВМКБ

Хатлон

Суғд

Рашт

Ҳисор

Душанбе

Заминҷунбӣ

1

-

-

-

-

-

1

3,6

Тарма

-

-

-

-

1

-

1

1,8

Селҳо

1

6

10

10

6

1

34

61,8

Раъду барқ, тӯфон, тундар, жола

-

-

2

1

-

-

3

5,5

Резиши санг

-

-

3

-

-

 

3

5,5

Шамоли сахт

-

-

7

-

-

1

8

14,5

Ярч

-

-

2

2

-

-

4

7,3

Ҳамагӣ

2

6

24

14

7

2

55

100

Дар натиҷаи офатҳои табии бақайдгирифташуда 20 нафар ҷони худро аз даст доданд (дар соли 2015 35 нафар ба ҳалокат расида буданд). Ғайр аз ин бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар соли 2016:

- 1060 хонаи истиқоматӣ (101 хона пурра);
- майддонҳои кишт - 12 ҳаз.936.98 га;
-156 пулҳо;
- роҳҳои мошингард-644.9 км. зарар диданд.

Ба хонаводаҳои зарардида аз ҳисоби буҷаи давлатӣ кумаки яквақта ба маблағи 4 миллиону 528 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин дар соли 2016 Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо пуштибонии молиявии Агентӣ оид ба захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Тоҷикобод ва ВМКБ кумакҳо дар шакли ғизо, маводи сохтмон, хаймаҳо ва дигар молҳои ниёзи ҳаррӯза ба маблағи бештар аз 38 миллион сомонӣ расонд, ки бо воситаи техники КҲФ ба зарардидагону ниёзмандон расонда шуд. 

Соли гузашта 71 хона аз ҷумлаи 101 хонаи бар асари офатҳои табиӣ пурра харобгардида аз нав сохта ба истифода дода шуд. 

Ҳодисаҳои нохӯши бақайдгирифташуда дар обҳо

Қатъи назар аз он ки рейдҳои ҳамешагӣ роҳандозӣ мешаванд, миёни оммаи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муттасил гузаронида мешаванд, аз тариқи радио ва телевизион таблиғот бурда мешавад, вале мутаассифона дар обҳо ҳамоно одамон қурбон мешаванд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ 138 нафар (соли 2015 183 нафар) ғарқ шуданд.

Аз онҳо:

  • дар синни то 17-сола – 58 нафар;
  • аз 17 – сола боло - 80 нафар.

Мудофиаи гражданӣ ва омӯзиш

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2016 миёни аҳолӣ 1585 чорабинӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, 13 тамрини маҷмуъӣ оди ба мудофиаи гражданӣ, 61-омӯзиши фармондеҳӣ, 57 омӯзиши тактикии вежа оид ба мудофиаи гражданӣ,  74-омӯзиши ситодии мудофиаи гражданӣ ва 1380 чорабинӣ бахшида ба рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои миёнаи таълимоти умумӣ.

Корҳои садамавӣ ва наҷот

Яке аз самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст. Дар соли 2016 наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ иштирок карданд, ҳамчунин корҳои зерини садамавӣ ва наҷотро иҷро карданд:

Кормандони наҷоти КҲФ 487 маротиба ба қасди ширкат дар амалиёти наҷот вориди амал шуданд ва дар натиҷа 132 нафарро (соли 2015 90 нафар) наҷот доданд, ки аз ин 88 нафар афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд.   

Номи чорабинӣ

Шумораи корҳои наҷот дар соли 2016

Теъдоди корҳои наҷот дар соли 2015

1

Боз кардани дарҳои металӣ

109

90

2

Буридани дарахтоне, ки хатар доштанд

25

17

3

Бартарафсозии оқибатҳои садамаҳо дар роҳҳо

35

25

4

Баргузории корҳои сохтмониву техникӣ

60

74

5

Бартарафсозии оқибатҳои сӯхтор

13

7

6

Роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти рӯиобиву зериобӣ

188

155

7

Бартарафсозии оқибатҳои  тармафароӣ

2

7

8

Бартарафсозии оқибатҳои ярч

1

2

9

Бартарафсозии оқибатҳои селҳо

20

17

10

Берун кашидани об аз таҳхонаҳо

24

13

11

Кушодани дарҳои лифт

10

7

            Ҳамагӣ

487

414

 

Дар ҷараёни баргузории корҳои ҷустуҷӯиву наҷот наҷотдиҳандагони Кумита 127 ҷасади ҳалокшудагонро кашф карданд ва онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

 

Номгӯи чорабиниҳо оид ба пайдо кардани ҷасадҳо  

Шумораи корҳои наҷот дар соли 2016

Шумораи корҳои наҷот дар соли 2015  

1

Ҳангоми корҳои рӯиобиву зериобӣ

84

115

2

Ҳангоми садмаҳои автомобилӣ

35

8

3

Гузаронидани корҳои сохтмон ва корҳои техникӣ

5

2

4

Ҳангоми омадани сел

3

1

      Дар маҷмуъ:

127

126

 

         

 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамкориҳо бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро инкишоф медиҳад ва тақвият мебахшад. Бо назардошти муҳим будани ҳамкориҳо дар ин самт Тоҷикистон фаъолона ба татбиқи ташаббусҳое, ки ба густариши майдони ҳуқуқӣ ва таҳкими иртиботҳои мавҷудаи байнидавлатӣ равона шудаанд, мусоидат мекунад. 

Бо ин мақсад намояндагони КҲФ дар шахси роҳбарон ва дигар кормандони он дар давраи ҳисоботӣ дар як қатор конфронсҳо, мулоқотҳо, тренингҳо ва семинарҳо ширкат карданд. Аз ҷумла:

- соли 2016 бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниши фаврӣ барои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон кори Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии сареъ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) аз сар гирифта шуд. Дар ин муддат 2 ҷаласа гузаронида шуд, ки дар ҷараёни онҳо натиҷаҳои Конфронси вазоратии осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дар шаҳри Деҳлӣ рӯзҳои 2-5-уми ноябри соли гузашта баргузор шуд ва дар он татбиқи тарҳҳои имзошуда мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳамчунин лоиҳаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2017-2030” барарсӣ гардид.

-12-уми моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Бишкек 22-умин Иҷлоссияи Маҷмааи умумии созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ баргузор шуд, ки дар кори он Раиси Кумита Рустам Назарзода иштирок намуд. Дар доираи ширкаташ дар ин ҳамоиш Сарвари КҲФ як қатор вохӯриҳои дуҷониба, аз ҷумла бо Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, вазирони ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ва Белорус гузаронд. 

- 18 – уми майи соли 2016 Сарвари кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар доираи ширкаташ дар кори Салони байналмилалии абзорҳои амниятии “Бехатарии маҷмуъӣ-2016”, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия Владимир Пучков мулоқот кард. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон, омӯзиш дар базаи Академияи ҳимояи граждании ВҲФ Русия, таъминоти техникӣ ва бунёди Маркази идорӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо дар бораи қабули нақшаи амалкарди муштарак дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои рушди КҲФ қарор қабул карданд.

- 12 - 14 – уми июли соли 2016 бо мақсади татбиқи тавсияҳои  “Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе ҷаласаи аввалини Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.  Дар ҷараёни ҷаласа  ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ сурат гирифт. Ҷамъбасти кори ҷаласа ин қабули қарор дар он бора шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷумин Платформаи глобалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки қарор аст Мексика гузаронида шавад, Декларатсияи Душанбе ва натиҷаи кори минтақаро муаррифӣ намояд.

-2-5  уми ноябри соли 2016 Раиси КҲФ дар Конфронси вазоратии осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дар пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлӣ баргузор шуд, ширкат варзид. Дар ин конфронс Сарвари Кумита суханронӣ кард ва аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Декларатсияи Душанбе-ро, ки 12-уми июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар аввалин мулоқоти Платформаи минтақавӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қавқози Ҷанубӣ қабул шуда буд, муаррифӣ намуд. Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ Р.Назарзода бо Дабири иҷроияи Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва вазири федералии умури дохилии Ҳинд мулоқот кард. 

- соли 2016 Кумита муоҳадаи дуҷониба бо ин кишварҳо ва созмонҳо имзо кард: Барномаи Рушди СММ (ПРООН), Фонди Трасти Федератсияи Русия, Ҷопон ва Швейсария, Хазинаи шоҳ Салмон (Арабистони Саудӣ). Ҳамаи ин созишномаҳо дар доираи татбиқи “Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо” имзо шуданд.  

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими робитаҳои дуҷониба оид ба таъмин ва мудернсозии базаи моддӣ-техники воҳидҳои сохтории кумита, омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳамчунин коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ роҳбарияти КҲФ дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 40 мулоқот бо сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон гузарониданд. 

Сиёсати кадрӣ

Дар КҲФ ба омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз роҳҳои ташкили семинарҳо ва омӯзишҳои гуногун, ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ диққати махсус дода мешавад.  Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар конфронсҳо, семинарҳо, давраҳои омӯзишии байналмилалӣ ширкат карданд. 2 нафар аз курсантони КҲФ ба Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия ва 11 нафари дигар ба Институти фармондеҳӣ-муҳандисии ВҲФ Ҷумҳурии Белорус сафарбар карда шуданд.  

Дар давраи ҳисоботӣ бештар ба ҷобаҷогузории кадрҳо ва пуррасозии воҳидҳои сохтории кумита бо кадрҳои соҳибихтисос бештар диққат дода шуд. Аз моҳи феврали соли 2016 Комиссияи марказии аттестатсионии КҲФ 36 ҷаласа баргузор кард ва дар натиҷа пуррасозии ҳайати шахсӣ аз 34 дарсад то 10 дарсад коҳиш ёфт.