Мулоқоти Раиси КҲФ бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон

17 августи соли  2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Эмре Зеки Карагёл баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот сарвари КҲФ ба меҳмони олиқадр  дар бораи корҳои анҷомшуда дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиии ахиран рухдода, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод. 

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, масъалаҳои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии КҲФ баъди эътидоли вазъи эпидемиологӣ дар оламро баррасӣ карданд. 

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои дигари имконпазири ҳамкориҳо ва пешниҳодҳо дар иртибот ба иқдомҳои ояндаро низ баррасӣ намуданд.

барчасп: