Activities calendar

03 августа 2021

Заминларза дар Тоҷикистон. Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст

Шаби гузашта, 2-уми августи соли равон тахминан соати 22:13 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 167 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 23 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буда,  қувваи он дар марказаш 3-4  балл,  дар ноҳияи Рашт  2-3  баллро ташкил дод.

Чаро тӯфонҳо бештар номи занона доранд? Ва чаро ҷопониҳо ба тӯфонҳои харобкор номи занона намегузоранд?

Асли суол бояд ин гуна буда бошад, ки чаро аслан тӯфонҳоро номгузорӣ мекунанд ва ин кор аз кай шурӯъ шуда? Посух ҳам хеле кутоҳ аст: аз он сабаб, ки  онҳоро ба ҳам наёмезанд, чун тӯфонҳо ҳар сол зиёд рух медиҳанд ва бояд ҳадди харобиву қувваи он аз ҳам фарқ карда шавад. Бахусус вақте дар як ноҳия якбора чандин тӯфони тропикӣ рух медиҳад.