Activities calendar

06 августа 2021

ФАВРӢ: Сайёҳон ва захмиёни чархболи суқуткарда ба Душанбе оварда шуданд

6 – уми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.
Дар айни замон имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 хонавода аз 41 хонаводае, ки манзилашон дар сели рӯзи 11 май хароб шуда буд, ба хонаҳои нав кӯчиданд

Рӯзи гузашта, 5-уми август Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сокинони 14 хонаи навро ба муносибати ба анҷом расидани сохтмони хонаҳояшон шодбош гуфт ва килиди манзилҳои навро ба соҳибонашон супурд.

Рӯзи 11 майи соли равон як сели харобкор 41 хонаи истиқоматиро дар дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш харобу валангор

Оё ҳавои номусоид метавонад раванди таърихро тағйир диҳад?

Суол ба таърихи иртибот дорад. Ҳавои номусоид ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ. Ва то куҷо боду ҳавои борониву офатҳои дигари табиӣ сабаби хароб шудани тарҳҳои ҷангии бузург шудаанд.

"Обу ҳаво таърих месозад” - чунин ном дорад китоби Роналд Де Гарсте. Ин китоб дар бораи фалокатҳои табиие нақл мекунад, ки ба ҷараёни таърихи башар, ҳаракати қувваҳои...

Ҷасади духтари 17-солаи ғарқшуда дар Вахш як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август баъди ҷустуҷӯҳои қариб якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.

Ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буд, ки рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ

Сел дар Амондараи Панҷекат як нафарро ҳалок кард. Ҳушдори Кумита аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Тибқи маълумоти афсари шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тахминан соати 17:30 дақиқаии рӯзи 5-уми август бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад.

Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид кард.