Мусалмоне, ки талош кард ҳавопаймо созад. АББОС ибни Фирнос кӣ буд?

Бино ба маълумоти Донишномаи озод Абулқосим Аббос ибни Фирнос (ар. عباس بن فرناس‎; 810, Рундо — 887, Қуртуба) — донишманди маъруфи мусулмон, ихтироъкор, муҳандис, аввалин нафари дар фазо парвозкарда, табиб, шоир ва мусиқашинос буд.

Ӯ дар Андалус (як исми арабист, ки ба бахшҳое аз нимҷазираи Иберий ва Сритимонё, ки тавассути мусулмонони араб ва аҳли шимоли Африқо дар замонҳои гуногун, дар давраи замонии байни 711—1492 мелодӣ дода шудааст.) дар шаҳри Ронда соли 810 дар оилаи Бербер ба дунё омада ва соли 887 дар Кордоба аз олам рафтааст.

Аҷдодони ӯ, эҳтимолан, дар фатҳи нимҷазираи Иберий ширкат кардаанд. Вай дар Кордоба зиндагӣ мекард, шоир ва олим буду аз улуми замонааш хеле хуб бархӯрдор буд ва аз сарпарастии халифаҳои Кордова Абдурраҳмони II ва Муҳаммад I низ баҳра бардоштааст. Ал-Андалусия он замон як маркази тайёр кардани муҳандисон, меъморон ва олимон буд. Кордоба ва Бағдод ду маркази фарҳангии санъат ва улуми исломӣ буданд. Аббоси ҷавон тиб ва ахтаршиносиро меомӯхт, аммо пеш аз ҳама ба муҳандисӣ ва эҷоди ихтирооти худ ҷалб мешуд. Вай инчунин мусиқии классикии Андалусия ва адабиёту шеъри арабиро дӯст медошт.

Вай бо омӯзишу таҳқиқи илмҳои мухталиф машғул буд, ки ба ин хотир барояш лақаби Ҳаким ал-Андалусро муносиб дидаанд ва баъдан дар муроҷиат бо вай аз ҳамин ном истифода мекарданд.  Дар ҳамон давра мусиқӣ ҳам бахше аз илми риёзиёт ҳисобида мешуд ва Ибни Фирнос дар ин ду улум хеле муваффақ шуда буд. Барои ниёзҳои мусиқӣ асбоберо бо номи метроном тарроҳӣ кард, инчунин соати обиеро ихтироъ намуд, ки алмагота-магот ном гузошт. Аббос ибни Фирнос тамоми умри худро ба илм бахшидааст, китобҳои зиёде дар бораи риёзӣ, физика, ситорашиносӣ ва муҳандисӣ навиштааст, ки барои муаллимони Донишгоҳи Андалус китобҳои рӯйимизӣ будаанд.

Аббос ибни Фирнос ба технологияи истеҳсоли шиша аз қум машғул буд. Дар натиҷа, Испониё ба истеҳсоли шишаи худӣ шурӯъ намуд ва харидани шиша аз мисриёнро қатъ кард, ки технологияи истеҳсоли онро пинҳон медоштанд. Баъдтар заррабини бузургеро ихтироъ карда сайёра (планетария) сохт, ки дар ҳамон давра ин муъҷиза хеле машҳур шуд. Дар планетария як модели механиконидашудаи системаи офтобӣ буд, инчунин абрҳо дар осмон шино мекарданд, раъду барқ ​​ба вуҷуд меомаду дурахшон мешуд, вақто осмон айнан бо садо меғуррид.

Тибқи шаҳодату навиштори муаррихони ҳамзамонаш, хонаи Ибни Фирнос муъҷизаи ҳақиқӣ буд — дар сақфи ҳуҷраҳояш ситораҳо медурахшиданд, абрҳо буданд, раъду барқ ба вуҷуд меомад ва ҳамаи ин тавассути механизми мураккабе сохта шуда буд.

Дар бораи машҳуртарини ихтирооти ибни Фирнос маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Танҳо як муаллиф, таърихшиноси асри 17-и марокашӣ Аҳмад Муҳаммад ал-Маккарӣ дар бораи кӯшиши Аббос ба парвоз дар ҳаво ва ҷузъиёти дастгоҳи парвозиаш хабар додааст. Мувофиқи навиштаҳои муаррих, Аббос Ибни Фирнос барои худ болҳое монанд ба боли ҳақиқии парандагон ихтироъ кард, ки хеле воқеӣ ва ҷолиб менамуд. Дар пеши назари шоҳидон Ибни Фирнос масофаи муайянеро бо парвоз тай кард, аммо на он қадар муваффақ фуруд омад.

Сохтаи ӯ назири як чатр буд ва аввалин парашют дар таърихи башар маҳсуб мешавад. Вақте ба замин фуруд меомад, бо андаке зарб хӯрдан ба замин зад. Дар муддати 12 соли оянда вай зиёд сари ин дастгоҳаш андешид ва дастгоҳеро сохт, ки имкони парвоз барояш медод. Соли 875 дастгоҳи паррони сохтаи ӯ рӯи кор омад, ки идорашаванда буд. Вай бо ин дастгоҳаш, ки қолибе  бо болҳои абрешимӣ буд, аз болои теппаи начандон баланди Ҷибол ал-Арус ба парвоз омад. Ҷараёни бод Ибни Фарносро ба пеш тела дод ва дар ҳаво муддати наздик ба даҳ дақиқа монд, ҳамчунин хеле боло ҳам рафт. Аммо вақте фуруд меомад, ба шиддат ба замин бархӯрд ва олим аз ин ҷароҳати ҷиддӣ бардошт. Баъдҳо Ибни Фирнос мегуфт, ки ин дастгоҳро метавон бо сохтану илова кардани дум такмил дод. Ҳамин тариқ Ибни Фирнос аввалин делтапланро ихтироъ намуд.

Бузургдошт

Барои гиромидошти хотираи Аббос ибни Фирнос, имрӯз дар зодгоҳи олим шаҳри Ронда маркази астрономӣ ба номи Ибни Фирнос фаъол аст. Як фурудгоҳ дар шимоли Бағдод номи ӯро дорад ва дар роҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳайкалашро ӯро гузоштаанд. Дар Либия бо тасвири Аббос ибни Фирнос маркаҳо чоп шудаанд. Дар Кордоба, Хосе Луис Манзанарес Ҳапон пули болои дарёи Гвадалкивирро сохтааст, ки дар маркази он ҳайкали ин олими шӯҳратёр қомат афрохтааст.

Соли 1976 як даҳана дар Моҳ ба номи Ибни Фирнос гузошта шуд.

Манбаъ: Донишномаи озод.