Болотарин марг аз Covid-19 дар Русия. 74 ҳазору 893 нафар дар як моҳ

Моҳи октябри соли равон дар Русия бар асари гирифторӣ ба Covid-19 74 ҳазору 893 нафар фавтидаанд. Бино ба омори Росстат ин болотарин мизоми марг аз ин беморӣ аз замони оғози ҳамагирӣ аст. Моҳи сентябр дар ин кишвар аз Covid-19 44 721 нафар ҷон бохта буданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар Русия аз оғози ҳамагирӣ аз Covid-19 бештар аз 530 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамин ҳол Роспотребнадзор хабар дод, ки ахиран ду ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус дар одамоне ошкор кардааст, ки аз Африқои Ҷанубӣ омада буданд. Манбаъ гуфтааст, ки ин ду нафар ҳоло дар карантинанд ва навъи Ковид дар онҳо ташхис мешавад. Дар айни замон гуфтан бармаҳал, ки онҳо ба штамми Омикрон сироят шудаанд ва ё гунаҳои дигари коронавирус.