Activities calendar

13 декабря 2021

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст.