Activities calendar

27 декабря 2021

Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда аз эҳтимоли лағзиши тарма ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то рӯзи 29-уми декабри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма ҳифз мешавад.
Дар ҳам ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Ҳалокати ронандаи 36-сола, ки натавонист мошинро идора кунад

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои ҳодисаи нақлиёти дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф намуданд.

Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд соати 17:20 дақиқаи рӯзи 26-уми декабри соли равон хабар расид, ки дар километри 115-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар наздикии деҳаи...

Тарс аз “ОМИКРОН”: Лағви беш аз 1400 парвоз дар олам. Хабарҳо таътилҳои солинавиро барои бисёриҳо талх кардаанд

Бино ба гузоришҳои расида бо оғози ҳафтаи нав  теъдоди парвозҳои лағвшуда ба хотири авҷи нави КОВИД-19 дар олам афзоиш ёфта, таътилоти поёни солро барои бисёре талх кардааст, - менависад дар гузорише бахши форсии ВВС. Бар асоси гузориши як вебсайти радиоӣ беш аз 1400 парвоз дар рӯзи душанбе лағв шудааст, ки аксари онҳо дар кишварҳои Чин ва Амрико будааст.

Машғулияти фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2021 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар толори Дастгоҳи марказии Кумита машварати омӯзишӣ гузаронида шуд.