“ОМИКРОН”: Натиҷаҳои таҳқиқоти аввалини ин штамми коронавирус чоп шуданд

Онҳое, ки алакай ба Ковид гирифтор буданду шифо ёфтанд, ба навъи Омикрон чандон зиёд осебпазир нестанд. Вале донишмандони мегӯянд ин навъи вирус хеле ҳиллагар аст ва метавонад системаи сироятпазирии инсонро фиребад.

Ахиран олимони Африқои Ҷанубӣ ба ҳамин натиҷа расиданд, ки касони короновирусро аз саргузаронида метавонанд агар бо Омикрон ҳам сироят шаванд, ба хубӣ ва зуд муолиҷа шаванд. Вале ин ҳам ҳоло далели қотеъи илмӣ нест. Донишмандон ҳамоно саргарми омӯзиши пурраи ин гунаи коронавирус мебошанд. 

Натиҷаи таҳқиқоти ёдшуда дар маҷаллаи Emerging Microbes & Infection интишор ёфтааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки эмгузаронии сеюм метавонад то ҳадде ҳолати иммунитетро қавӣ кунад, вале қодир нест пурра аз Омикрон ҳимоят намояд. 

Сарвари гурӯҳи таҳқиқотӣ Ючун Ван, корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи миллии назорати маводи ғизоӣ ва доруворӣ дар Чин ба ин назар аст, ки натиҷаи таҳқиқоти ахири олимони Африқои Ҷанубӣ нишон медиҳад, ки Омикрон хеле устокорона системаи сироятпазирии органимро мегузарад.

"Мо кашф кардем, ки миқдори  зиёди мутатсияи гунаи Омикрон дар ҳақиқат боиси тағйирот дар системаи иммунитети одамоне шуд, ки қаблан коронавирусро аз сар гузаронида буданд. Бо вуҷуди ин нишондиҳандаи миёнаи  ED50 (сатҳи ҳимоя) аз Омикрон ҳамоно нисбат ба сатаҳи асосӣ болост. Ин баёнгари он аст, ки организм ҳамоно метавонад муқовимат кунад ва таъсири Омикронро ҳам суст намояд”,- мегӯяд Ючун Ван.

Ин донишманди чинӣ ҳамчунин мегӯяд, ки чун ҳар гуна ваксинаҳо бо гузашти бештар аз ним сол тадриҷан таъсири худро аз даст медиҳанд, пас гунаи Омикрон метавонад бештар зарар расонад.