Covid-19: "Омикрон" Аврупоро моҳи январ фаро мегирад. Олимон мегӯянд аломатҳои Омикрон дигаранд

Тибқи охирин хабарҳо таҳлилгарон бонги изтироб мезананд, ки моҳи январи соли оянда гунаи нави коронавирус Омикрон Аврупоро фаро мегирад. Ҳамзамон бо ин ширкати дорусозии Pfizer аз асарбахшии доруи нав зидди коронавирус хабар дод. Аз Аврупо боз гузориш расидааст, ки кишварҳо башиддат пайи эмкунии кӯдакон зидди коронавирус мебошанд.

Сарвари Комиссияи аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен гуфтааст, ки моҳи январ барои Аврупо моҳе хоҳад буд, ки гунаи Омикрон бештар сироят мешавад. Вале ӯ мутмаин аст, ки кишварҳои ин қора ба ҳадди кофӣ ваксина доранд ва метавонанд ба авҷи вирус муқовимат кунанд. 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло аз мавҷудияти Омикрон дар 77 кишвари олам  хабар дод.

Профессори Донишгоҳи Оксфорд Ҷон Белл ба ин назар аст, ки аломатҳои зуҳури Омикрон аз гунаҳои дигари коронавирус фарқ мекунанд. Бештар дард дар мушакҳои бадан, бахусус дар пушт, вайрон шудани кори меъда ва нишонаҳои диарея аз ин ҷумлаанд.  То ба имрӯз ҳарчанд ин нишонаҳо тайид шудаанд, вале донишмандон намедонанд  сабаби дард ба мушакҳо чӣ бошад.  

Белл гуфтааст, ки ҳарчанд дар бораи Омикрон хеле чизҳо маълум шуданд, вале хусусиятҳои он бояд бештар омӯхта шаванд.  

Ширкати машҳури дорусозии Pfizer  эълон кард, ки санҷиши беморхонаии доруи нав, ки бо номи Paxlovid ёд мешавад, самарварии худро дар мубориза бо паёмадҳои коронавирус нишон дод.

Ин дору тавонистааст шумори беморон дар беморхонаҳо ва марг дар миёни гурӯҳҳои осебпазирро то 90% коҳиш диҳад.

Дар ин озмоиш бештар аз 2200 нафар ихтиёриён ширкат кардаанд.