Дидори Раиси Кумита бо машваратчии байналмилалӣ

Дар мулоқоти Рустам Назарзода ва хонум Эфрат Йовел масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо ниҳодҳои зидахли СММ ва таҳияи нақшаи амалҳои муштарак ба тағйири иқлим баррасӣ шуданд.
Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо машваратчии байналмилалӣ оид ба таҳияи Нақшаи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлими Барномаи Рушди СММ хонум Эфрат Йовел мулоқот кард.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хонум Йовел дар бораи фаъолиятҳои Кумита ва сохторҳои он маълумот дод ва аз сатҳи иртиботҳои дуҷониба бо сохторҳои дахлдори СММ изҳори қаноатмандӣ кард.
Рустам Назарзода ба муҳим будани истифодаи ҳама имкониятҳои ҳамкориҳо таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, ҳамчунин арзёбӣ ва дастёбӣ ба консенсус дар мавриди талабот ва имкониятҳо ва масоили таҳияи Нақшаи амалҳои муштарак баррасӣ гардид.
Дар навбати худ хонум Йовел барои ҳамкориҳои фаъолона изҳори қадрдонӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон дар самти  идораи хатари офатҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он корҳои зиёде анҷом шудаанд.