Мулоқот бо адиби маъруф Кароматуллоҳи Мирзо дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Адиби шинохта Кароматуллоҳи Мирзо дар дидораш бо ҳайати шахсии Ситоди Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати хотирмон анҷом дод.
Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо баргузор шуд.
Ин мулоқот ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо аз ҷумлаи адибони саршиноси кишвар аст, ки асарҳояш тараннумгари ғояҳои дӯстӣ, ватанпарастӣ, ваҳдати миллианд.
Повесту романҳои адиби хушсалиқа кайҳост ба дилу дидаи мардум нишаставу худи ӯ аз ҷумлаи ҳам пуркортарин ва ҳам пурхонандатарин адибони кишвар мебошад.
Адиби маъруф дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат ва оқибатҳои ҳалокатбори он даҳҳо ҳикояву қисса ва повесту роман навишта, ғояи ваҳдатро тараннум кардааст.
Дар мулоқот адиби шинохта аз романаш “Дар орзуи падар” пораҳо хонд ва бо ширкаткунандагон атрофи мутолиаи китоб ва мавзуъҳои дигар муколама анҷом дод.