Чанд рӯйдоди олам

Мактабиён аз гармои шадид дар сардхона паноҳ бурданд. Заминларзаи бидуни хисорот дар жарфои Баҳри Сиёҳ. Ҳамаи ҷабрдидагони садамаи микроавтобус шаҳрвандони Озарбойҷон буданд.
Мактабиёни испониро аз гармо сардхона наҷот дод
Бар асарии гармии бесобиқа дар шаҳри Валдеморои Испаниё хонандагони яке аз мактабҳоро ба сардхонаи наздиктарин интиқол додаанд. Бино ба гузориши  нашрияи  El Pais маъмурияти мактаб баъди он ки 47 тан аз хонандагон аз гармӣ худро бад ҳисс карданд, ба чунин қарор омад. Бо вуҷуди ин шаш тан аз ин донишомӯзонро дар бемористон бистарӣ карданд. 
Нашрия ҳамчунин навишт, ки бачаҳои аз 12 то 18-соларо дар толори маъракаи падруд бо мурдаҳо ҷо карданд, ки дар он бодбезаку ҳавополоҳо хуб кор мекарданд. Ба онҳо об доданд, то ташнагӣ бишкананд.
Дар сардхона бачаҳо то замоне боқӣ монданд, ки волидонашон омаданд ва бо худ бурданд. 
Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Испаниё пештар аз 34 то 50 дараҷа гарм шудани ҳаво дар баъде вилоёти ин кишвар хабар дода буданд.

Заминларза дар қаъри баҳр
Дар жарфои 15 километр дар Баҳри Сиёҳ, 40 километр дуртар аз Анат замин ларзид. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод.
Заминларза дар Анап ва Новороссийс эҳсос шудааст.
Дар сомонаи Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия омадааст, ки соати 21:13 дақиқа бо вақти Маскав дар наздикии нимҷазираи Қрим замин  4.4/3 балл ҷунбид.
Дар бораи хисорат ё талафот гузориш дода нашудааст. 

Ҳамаи ҷабрдидаҳои садамаи микроавтобус озариҳо будаанд

Вазорати ҳолтаҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки ҳамаи ҷабрдидагони садамаи мудҳиш дар роҳи мошингарди “Комсомолский-Артезиан” шаҳрвандони Озарбойҷон будаанд.

Дар натиҷаи дар роҳ чаппа шудани микроавтобусе, ки аз Нижний Новгород ба самти Боку ҳаракат мекард, 10 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки 7 нафари онҳо кӯдакон будаанд.

Дар маҷмуъ дар микроавтобус 17 нафар буданд, ки 9 тани онҳо кӯдаконанд.

барчасп: