Дар Суғд шеваҳои пешгирӣ аз ғарқшавиро меомӯзанд

Бо фаро расидани фасли гармо одамон бештар барои истироҳат дар соҳили обҳо ниёз пайдо мекунанд.  Ин аст, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар минтақаҳои гуногун корҳои таблиғотӣ ба роҳ мемонанд

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Раёсати вилоят дар  мавриди риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсат бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади санҷидани ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитарию профлактикӣ, варзишию солимгардонӣ бо шахсони масъули иншоотҳои номбаршуда дар шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар баробари гузаронидани вохӯриҳои мухталиф ба шахсони масъул кумакҳои методӣ расонида шуда, огоҳномаҳои Раёсат дастрас карда шуд.

Мақсад аз ташкили чорабиниҳои мазкур пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ мебошад, ки ҳамасола бо фаро расидани рӯзҳои гарм оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон табдил меёбад.   

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои вилоят 29 нафар фавтиданд ва ба ғаввосони Раёсат муяссар шуд, ки 24 нафарро наҷот диҳанд. 

Аз аввали соли 2022 то ин ҷониб дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои вилоят 3 нафар бо сабабҳои номаълум ғарқ  шуда фавтидаанд.

Аз ду нафаре, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохта буданд, як нафарашон наҷот дода шуданд. 

Д. Ҳамдамов.