Як куштаи раъду барқ дар Суғд, худкушии як мактабхон дар Панҷекат, ҳалокати як хонанда дар Дарвоз...

Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров дар раъду барқ ба ҳалокат расидааст. Мавсуф дар чарогоҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Ҳамчунин аз ҳалокати 27 сар чорвои хурд низ гузориш расидааст. ****    ****    **** Рӯзи 6-майи соли 2022 тахминан соатҳои 17:00 дақиқа дар километри 115-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бинобар сабаби намнокӣ ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш қисми шоҳроҳи мазкур бо дарозии 15-метр, паҳноии 2-метр фурӯ рафт. Корҳои рафъи паёмадҳои ин ҳодиса бо ҷалби як техникаи муҳандисӣ идома дорад. Дар айни замон роҳ яктарафа боз аст. ****    ****    **** Шашуми майи соли равон соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст. Аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо ва ба волидонаш супурдаанд.  *********     *********     ******** Рӯзи  4-майи соли 2022 соати 10:00 дақиқа хаонандаи синфи 8-уми МТМУ №15 шаҳри Панҷекат баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад. Мақомот баъди дидани наворҳои камераҳои назоратии болои пӯли мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки мавсуф  худро аз болои пӯл ба дарёи Зарафшон сарозер крадааст. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо ва ба наздиконаш супурданд.Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад.
барчасп: