Пайдо шудани ду ҷасад дар обҳои кишвар: Яке дар Суғд, дигаре дар Хатлон. Яке 19-сола дуюмӣ 12-сола

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади як сокини ноҳияи Мастчо, ки дар канали ин ноҳия ғарқ шуда буд хабар дод.

Бино ба ин гузориш як сокини 19-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Масчо дар оби канал ғарқ шуддаст. Сабаби марги ӯро аз шиноварӣ натавонистани марҳум гуфтаанд. 

Имдодгарони Раёсати Кумита сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд. Ҷасади ғарқшударо дар мавзеъи  ҷамоати шаҳраки Бӯстон, минтақаи насоси обкашии №1 пайдо ва дар ҳузури шоҳидон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

 Дар ҳамин ҳол Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб аз пайдо шудани ҷасади писарбачаи 12-сола хабар медиҳад.

Ин писарбача рӯзи 30-уми апрели соли равон дар канали ЛР 18-и деҳаи Сайф Раҳими ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор ба сабабҳои номаълум ғарқ шуда буд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки аҳолӣ рӯзи 7-уми майи соли 2022 тахминан соати 05:20 дақиқа ҷасади писаракро аз деҳаи Некманзари ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳия пайдо кардаанд.

барчасп: