Ҳавои номусоид то охири ҳафта боқӣ мемонад. Чӣ бояд кард?

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то охири ҳафта дар натиҷаи боронҳои шадид хатари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо афзоиш ёфта,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари сел, ярч, тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

 Ин метавонад боиси он гардад, ки соҳилҳо шуста шаванд, пулҳо зери об монанд ва ба ҷони одамон хатар таҳдид кунад, киштзорҳо хароб шаванд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад. Дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита тавсия медиҳад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохӯш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.

Кумита ба сокинони деҳоти кишвар тавсия медиҳад, ки ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода кунанд. Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед. 

Сокинон бояд барои бохабар шудан аз вазъи ҳаво ва ҳолати роҳҳо  пайваста ба хабарҳои ВКД, КҲФ ва Вазорати нақлиёти кишвар таваҷҷуҳ кунанд.

барчасп: