Ниқобҳои пахтагиву докагӣ моро аз моддаҳои кимиёвии заҳрнок муҳофизат карда наметавонанд!

Ин суханон зимни маҳфили “Ҳаёти солим”, ки Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи Тоҷикистон ҳар моҳ роҳандозӣ мекунад, садо дод. Омода намудани воситахои  одитарини хифзи нафас, тозагии муҳити зист, саломатии одамон ва дигар масоил мавзӯи маҳфили шӯъба буд.

Дар маҳфил пополковник Мушкиниссо Халифаева, афсари калони Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подполковник Гулрафтор Ҳамидова, афсари калони ҳифзи радиатсионӣ - кимиёвӣ ва биологии Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ ширкат намуда, ба наврасон тарзи омода намудани воситахои одитарини ҳифзи нафасро тавсия доданд.

Ҷалолуддин Нурзода, муовини Директори Китобхонаи миллӣ, ки дар маҳфил ширкат дошт, иброз намуд, ки иқдоми Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо КҲФ ва Вазорати тандурустӣ созмон додани чунин як маҳфили омӯзишӣ ҷои ситоиш дорад.

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки дар замони ҳозира фаъолияти хоҷагии инсон, хусусан афзудани истифодаи сузишворӣ ва партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳаво боиси бештар ифлосшавии ҳаво, афзудани миқдори гази карбон гардида истодааст. Саломатии одамон, фаъолияти онҳо, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ба тозагии ҳавои атмосфера ва ҳодисаҳои дар он рухдиҳанда вобаста аст.

Бояд ҳар фард ба қадри саломатӣ расад ва барои таъмини покии ҳаво ҳиссагузор бошад. Дар корхонаҳои истеҳсолӣ гузоштани чангкаш ва дудкашҳо хеле муҳим аст. Дар шаҳру ноҳияҳо васеъ кардани майдони кабудизор, хусусан дарахту буттаҳо, ба роҳ мондани ҳифзи онҳо, ҳаётан зарур мебошад. Чунки дарахтон на танҳо аз худ оксиген хориҷ мекунанд, балки гази карбонро, ки ғализкунандаи ҳаво ба шумор меравад, ба худ мекашанд.   

Дар маҳфил таъкид гардид, ки барои ҳифзи тозагии ҳаво чораҳо андешида шаванд ва нагузорем, ки манбаи ҳаёт ҳаво ифлос гардад.

Ба ёд меояд, ки соли 2020 гурӯҳе аз олимони Платформаи байнидавлатии илмӣ-сиёсии гуногунии биологӣ ва системаи зистмуҳитӣ (IPBES) ахиран бо ироаи як маърӯзаи илмӣ аз нобудии ҳудудан 1 миллион намуди ҳайвоноту рустаниҳо зарфи чанд даҳсолаи оянда изҳори нигаронӣ карданд. Ин маърӯза дар дафтари ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод шуд. Онҳо дар гузориши илмӣ истилоҳи  “шашумин маргумири умумӣ”-ро ба кор бурдаанд ва  мегӯянд ин бор ин миқдор ҳайвонот ва рустаниҳо на ба иллати тағйири иқлим, балки бар асари фаъолияти инсон нобуд хоҳанд шуд.  “Фаъолияти инсон ба нобудии гунаҳои зиёди ҳайвоноту рустаниҳо таҳдид мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳоло 1 миллион намуд дар остонаи маҳв қарор дорад”,- омада буд дар маърӯза.

Муаллифон сабабҳои ин маргумири олами наботот ва ҳайвонотро бештар дар тағйири муносибати инсон ба замин, истифодаи мустақими организмҳои зинда (ба мисли шикор), тағйири иқлим, харобии муҳит ва паҳн гардидани намудҳои касалманду паразити он медонанд.

Дар айни замон ҳаёти 40 дарсади ҳайвоноти дубаҳра, 33 дарсад обсангҳои марҷонӣ ва беш аз се ҳиссаи пистондорони баҳрӣ зери хатар аст. Тибқи омори ироашуда 10 дар сади ҳашараҳо зери хатари нобудианд, вале олимон бар ин назаранд, ки агар вазъ ин гуна идома кунад, дар соли 2190 дар Замин аслан ягон ҳашарот боқӣ намемонад, ки ин биосфераро комилан тағйир медиҳад. Дар маърӯза омада буд, ки аз асри XVI то ба имрӯз на камтар аз 680 намуди муҳрадорон нобуд шудаанд. 

Дар поёни маҳфил намояндагони КҲФ бо ширкаткунандагон суолу ҷавоб карданд ва чандин роҳҳои пӯшидани ниқобҳо ҳангоми олудагии ҳаворо амалан нишон доданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили “Ҳаёти солим” моҳе як маротиба бо ширкати мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати тандурустӣ баргузор мешавад.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.

барчасп: