Хабарҳои рӯзи гузашта. Вазиши боди харобкор дар қарамрави кишвар. Боронҳои пуршиддан ва сел дар қаламрави Суғд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид ба қайд гирифта шуд ва бегоҳӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое назири шикастани дарахтон ва бардошта шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.

Аз ҷумла 19 май соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар наздикии бинои ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, хонаи №36/3 бар асари боди шадид як дарахти азим болои мошини тамғаи “Ниссан” чаппа шуд.

Ғайр аз ин соати  21:48 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол боми як хонаи шашоёнаро ба замин зад. Дар натиҷа боми ҳудудан 500 метри мураббаъ болои 7 мошин дар наздикии худ сарозер шуд.

Барои рафъи паёмадҳои ин ду ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

Ин ду ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт. 

Дар ҳамин иртибот Кумита аз соҳибони мошинҳои шахсӣ хоҳиш мекунад мошинҳои худро дуртар аз дарахтон ва биноҳои бомашон ларзону осебпазир гузоранд. 

Соати 23:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумита хабар расидл, ки дар лифти хонаи №29, кӯсаи Синои шаҳри Душанбе як сокини 22 – сола дармондааст.

Кормандони имдоди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба наҷоти бонуи 22-сола шитофтанд ва дар як муддати кутоҳ бо истифода аз таҷҳизоти махсус ӯро аз дохили лифти харобшуда берун оварданд. 

19 май наздик ба соати 20:10 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба  маҳаллаҳои Сайҳун ва Темурмалик  сел омад.

Дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ қисман хароб шуд, ҳамчунин сел ба системаи обёрӣ ва таҳхонаи иншооти ёрирасон низ зарар расонд. 

Ҳамчунин соати 21:30 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров шуданд. Дар ҷойи ҳодиса дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати жолаи Кумита дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ёвон ва ноҳияи Кушониён бо партоби мушакҳои зиддижола 7 ҳолати таҳдиди хатари жоларо барҳам заданд.

барчасп: