Таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд

Дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд бо роҳандозии як конфронс бо ширкати донишмандон ва соҳибназарон Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил карданд.

Бо созмон додани як конфронс-вохӯрӣ дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд низ Рӯзи Ваҳдатро таҷлил карданд. Мавзуъи ин конфронс  «Нақши асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Ваҳдати миллӣ» буд ва дар он намояндагони зиёиёни вилоят низ ширкат доштанд. 

Усмонҷон  Ғаффоров - муовини Раиси шӯрои вилоятии Ҳаркати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоаъзам Мақсудов - сармуҳаррири нашрияи шӯрои вилоятии Ҳаркати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон «Шӯълаи умед», Шарифҷон Шарипов - аъзои гурӯҳи таблиғотии шӯрои вилоятии Ҳаркати ҷамъиятии Ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих  дотсенти Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, Халилзода Набиҷон Абдуғанӣ - намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори маркази таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар ин чорабинӣ буданд.

Конфронсро муовини сардори Ситод, полковник А. Қосимов кушод ва баъди муаррифии меҳмонон дар бораи ҳадафҳои роҳандозии ин конфронс ҳарф зад. 

Усмонҷон Ғаффоров   дар бораи роҳҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ нақл намуд. Вай аз ҷанги таҳмилӣ сухан ронд ва сипас, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки расидан ба оштии миллӣ ва Ваҳдату сулҳи фарогир осон набуд.

Ба гуфтаи Усмонҷон Ғаффоров ин роҳи пур аз нишебу фароз бо талошу аз худгузаштанҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи дигар касоне, ки дар Ватан суботу оромӣ мехостанд, ба даст омад.