Ҷасади яке аз ноболиғоне, ки дар канали Ҳисор ғарқ шуда буданд, пайдо шуд

Аз ноҳияи Шаҳринав дар бораи дар оби канали Ҳисор ғарқ шудани ду писарбачаи 13 ва 14-сола хабар дода мешавад. Ин ноболиғон сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳия будаанд.

Муддати ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷи ҷасади ноболиғон идома дошт. Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад.

Сабаби марги онҳо беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ унвон шудааст.

Ин ҳодиса тахминан соати 12:20 дақиқаи рӯзи 20-уми май рух додааст. 

барчасп: