Санҷишҳои маҷмуъӣ ва омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

25 – уми майи соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҳолати объектҳои мудофиаи гражданиро санҷиданд.

Ҳамзамон  дар доираи ин санҷиш омӯзиш дар мавзӯи “Амали қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар натиҷаи боронҳои пуршиддат, селҳо, ярч, тарма ва заминларза” роҳандозӣ шуд.

Ҳадаф аз санҷиш ва баргузории омӯзишҳо:

— такмили дониш ва малакаи амалии сардорони мудофиаи гражданӣ;

–  тафтиши омодагии мақомоти давлатӣ ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ барои рафъи ҳолатхои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;

— тафтиши вокеияти нақшахои мудофиаи гражданй ва ҳифзи аҳолӣ мебошад.