Рафъи хатари чинори азиме, ки дар ҳоли садамавӣ қарор дошт

Рӯзи  26- майи соли 2022, соати 09:25 дақиқа Директори МД «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  хиёбони  Рўдаки №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат соати 09:30 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, соати 15:08 дақиқа ҳолати баамаломадаро бартараф намуд.

Ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт.