Амондара: Аввалин кӯмакҳои ғизоӣ ва сарулибос ба сокинони зарардида расонда шуданд

Дар офати табии рӯзи 26-уми июни соли равон 70 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент зарар дида, 3 хона пурра хароб, 4 хонаи дигар қисман вайрон шудааст.

Ин сели харобиовар рӯзи 26-уми июн, соати 17 омад ва ба сокинони ду тарафи сойи Амондара зарари калони моддӣ расонд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, аз ҷойи воқеа дидан кард. Маълум шуд, ки офати табиӣ асосан ба манзилҳои истиқоматӣ, майдонҳои кишт, хати барқу оби нӯшокӣ ва роҳҳо зарар расонида, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳоло, ки роҳҳо ва саҳни манзили сокинон пур аз лойоба аст, ҳаҷми зарари расидаро муайян намудан аз имкон берун мебошад.  Тибқи дастури Раиси вилоят хонаҳои пурра вайронгардида барқарор карда шуда, ба онҳое, ки манзилҳояшон қисман осеб дидааст, масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида мешавад.

 Раиси вилоят мақомоти дахлдор, аз қабили назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти барқ, хоҷагии об ва роҳсозони шаҳру вилоятро вазифадор намуд, ки бо ҷалби мутахассисон ва техникаи зарурӣ масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, тоза намудани хонаҳо, барқароркунии роҳҳои ҳаракати нақлиёт ва хати обу нерӯи барқро ба зудӣ ҳаллу фасл намоянд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба осебдидагони офати табиӣ кӯмаки молиявӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар доираи татбиқи амалии Меморандум дар бораи “Ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим”, ки миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии  СММ дар Тоҷикистон имзо шудааст, ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент маводи хӯрока дар ҳаҷми 6,4 тонна тақсим карда шуд. 

Дар айни замон корҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд ва ҷараёни кор аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  зери назорат гирифта шудааст.