Имдодгарони КҲФ боз як кӯҳгарди осебдидаи хориҷиро наҷот доданд

Як аз 6 нафар кӯҳгардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Литва ҳангоми боло шудан ба  кӯҳи Фон, дар минтақаи Кӯли Аъло, воқеъ дар қаламрави шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд осеб дид. Ӯ Томас Прапуоленис ном дошта, 50-сола будааст. Ба эҳтимоли зиёд дар ин ҳодиса пояш шикаста бошад.

Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон дар ҳайати 6 нафар эъзом шуд.

Имдодгарон бо ҳама таҷҳизоти кӯҳгардӣ мусаллаҳ ба баладие, ки кӯҳгардон нишон дода буданд, равона шуданд. 

Ба ҷойи ҳодиса расида, наҷотдиҳандагон ба Томас Прапуоленис аввалин ёрии тиббиро расонданд ва ба занбари махсус хобондаву оҳиста-оҳиста аз боло поин шуданд.

Кӯҳгарди осебдида баъди анҷоми амалиёти наҷот ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷекент бистарӣ карда шуд.